Дар Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз мегарданд

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ маросими расмии ифтитоҳи нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон баргузор мешавад. Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ аз намояндагони зиёиёни эҷодкор иборат аст. Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи […]


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ маросими расмии ифтитоҳи нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон баргузор мешавад.




Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ аз намояндагони зиёиёни эҷодкор иборат аст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон намоишгоҳи китоби бахшида ба 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ доир гардида, филми ҳунарии «Тақдири шоир» намоиш дода мешавад.



Зикр гардид, ки ҳамчунин намоишгоҳҳои рассомон ва аксбардорони муосири тоҷик низ баргузор хоҳад шуд. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон то 18-уми октябр идома меёбанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.