Шералӣ Хайруллоев барои мулоқот бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ ба Санкт-Петербург рафт

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард. Тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа баррасии ҳудуди 20 масоил, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти шӯро дар соли 2008 […]


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.




Тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа баррасии ҳудуди 20 масоил, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти шӯро дар соли 2008 ва нақшаи корӣ барои соли 2009 дар назар аст.



Бино ба иттилои манбаъ, вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ атрофи масоили рушди ҳамгиройии низомии кишварҳо, такмили низоми муттаҳидаи нерӯҳои ҳарбии дифоъи зиддиҳавоӣ, таҳкими системаи мутттаҳидаи нерӯҳои низомии ИДМ ва ташкили Спартакиадаи артишҳои кишварҳои ИДМ дар соли 2009 табодули афкор хоҳанд кард.



Зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии 55-уми шӯро таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков баргузор мешавад.



Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазиоони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ моҳи феврали соли 1992 таъсис дода шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.