Дар сӯхтори бозори «Шоҳмансур» як корманди раёсати оташнишонӣ осеб дид

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯхтори бозори «Шоҳмансур» як корманди раёсати оташнишонӣ сахт осеб дидааст. Бо рӯй ва гардани сӯхта корманди Раёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Лутфулло Фармонбеков ба беморхона фиристода шудааст ва дар он ҷо ба ӯ кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидаанд. Сухангӯи раёсати сӯхторнишонӣ Толиб Ҳаётов мегӯяд, ки тибқи маълумоти табибон, […]

Шавкат Раҳматуллоев


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯхтори бозори «Шоҳмансур» як корманди раёсати оташнишонӣ сахт осеб дидааст. Бо рӯй ва гардани сӯхта корманди Раёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Лутфулло Фармонбеков ба беморхона фиристода шудааст ва дар он ҷо ба ӯ кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидаанд. Сухангӯи раёсати сӯхторнишонӣ Толиб Ҳаётов мегӯяд, ки тибқи маълумоти табибон, феълан вазъи саломатии Л.Фармонбеков беҳтар гардида, боиси нигаронӣ нест.




Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар бозори Шоҳмансур» соати 6-и субҳи 10-уми октябр сар зад. Дарҳол ба ҷои ҳодиса 13 гурӯҳи сӯхторнишонӣ ва 6 мошини обпош ҳозир шуданд. Пас аз як соат хомӯш кардани оташ муясаар гардида, майдони оташ тозаву бехавф карда шуд. Ба хомӯш кардани сӯхтор 150 нафар кормандони раёсати сӯхторнишонӣ ва намояндагони мақомоту сохторҳои дигар сафарбар шуда буданд. Оташ масоҳати ҳудуди 1 ҳазору 800 метри мураббаъи бозорро фаро гирифта, маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои наздики он пурра сӯхта нобуд гардиданд.



«Феълан дар ҷои ҳодиса баҳри муайян сохтани сабаби сар задани сӯхтор якчанд гурӯҳҳои фавриву тафтишотӣ кор мекунанд ва натиҷаҳои он пас аз панҷ рӯзи оғози кор маълум мешаванд», – зикр кард Т.Ҳаётов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.