Додситони кулл: Дер ё зуд Д.Атовуллоев назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки муассиси газетаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев дар пайгарди қонунӣ эълон гардида, дер ё зуд назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Д.Атовуллоев феълан дар қаламрави […]


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки муассиси газетаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев дар пайгарди қонунӣ эълон гардида, дер ё зуд назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Д.Атовуллоев феълан дар қаламрави Фаронса қарор дорад.




Ёдрас мекунем, ки мувофиқи пешниҳоди Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Д.Атовулллоев аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) ва 137 (Тӯҳмат ба президенти Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз кард.



Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, Д.Атовуллоев феълан дар қаламрави Олмон кору зиндагӣ мекунад. Моҳи июли соли равон додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов роҳбари ҳаракати «Ватандор» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоевро террористи иттилоотӣ номид.



Ӯ изҳор дошт, ки Д.Атовуллоев дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда, дур аз ватан дар мақолаву изҳороташ шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷикро паст зада, ҳукумати Тоҷикистонро назди ҷаҳониён муттаҳам месозад. «Додоҷон Атовуллоев шахси беватан аст, ӯ ҳеҷ гоҳ роҳбар набуд ва шуда ҳам наметавонад», – таъкид сохт додситони кулли ҷумҳурӣ.



Ахири моҳи июни соли равон дар оҷонсии иттилоотии «Росбалт» дар шаҳри Маскав бо иштироки Д.Атовуллоев нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбари ҳаракати «Ватандор» ба таври ошкоро изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад». «Мо хоҳони онем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи кишвари қашшоқ, бадбахт, фасодзада, сӯхта ва поймолшуда огоҳ бошад, – гуфта буд ӯ дар нишасти матбуотӣ. – Ҳолати анъанавии тоҷики имрӯза: сарулибоси кӯҳна, нигоҳи камнури маъюс, ва чеҳраи ғамолуд…».



Бар замми ин, Д.Атовуллоев зикр карда буд, ки нерӯҳои мухолифро дар ғурбат роҳбарӣ мекунад ва аз соли 2004 имкон надорад, ба Тоҷикистон сафар кунад. Ӯ ҳамчунин чунин пешгӯӣ карда буд: «Тирамоҳу зимистони соли 2008 дар саросари қаламрави Тоҷикистон гирдиҳамоиҳо баргузор шуда, иқдомҳои эътирози аҳли ҷомеа сурат мегиранд».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.