ОМОН-и Тоҷикистон соҳиби роботи минаҷӯ шуд

Date:


Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон роботи минаҷӯеро тақдим кард, ки 100 ҳазор евро арзиш дорад.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин робот ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бехавфгардонии минаҳо, муҳимоти натаркида ва безараргардонии таҷҳизоту дастгоҳҳои инфиҷорӣ кӯмак хоҳад кард.



Тибқи маълумоти вазорат, 10 нафар кормандони соҳаи бехавгардонии минаи ин гурӯҳи милиса курсҳои омӯзишии САҲА оид ба безараргардонии минаҳоро хатм кардаанд.



Маросими тақдими робот бо иштироки вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов ва сафири Дафтари САҲА дар Душанбе Владимир Пряхин баргузор шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...