Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон оғоз мегарданд

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати ҳунармандону эҷодкорони кишвари ҳамсояро, ки ба он овозхони маъруфи эстрада Парвиз Назаров низ шомил аст, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти […]


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.




Тавре аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати ҳунармандону эҷодкорони кишвари ҳамсояро, ки ба он овозхони маъруфи эстрада Парвиз Назаров низ шомил аст, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Минбой Дархон сарварӣ мекунад.



Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи асарҳои рассомони қазоқ доир гардида, дар шаҳри Душанбе панҷ филми коргардонҳои қазоқ намоиш дода мешавад.



Чорабиниҳои фарҳангӣ то рӯзи 24-уми октябр идома ёфта, он бо консерти пуршукӯҳи устодони санъати Қазоқистон ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.





 






Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.