Э.Раҳмон мардумро даъват кард, ки бидуни тарсу ҳарос молу мулкашонро қонунӣ гардонанд

Date:



           

Душанбе. 30-уми октябр – Дирӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.





           

Дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» зикр гардид, ки аз аввали соли равон ба комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе 14504 ариза аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии молу мулкашон ворид гардида, аз он 6172 тоаш баррасӣ шуд ва 5300 нафар шаҳодатномаи соҳибмулк гирифтанд. Арзиши молу мулки қонуникардашуда тибқи маълумоти пешакӣ 2,2 миллиард сомониро ташкил дод.




           

Сарвари давлат бо қотеият хотиррасон намуд, ки то ан


ҷ


оми м


ӯ


ҳлати татбиқи қонуни мазкур ду моҳи дигар боқ


ӣ


мондааст ва таъкид намуд, ки соҳибмулкон аз ин имкони мусоид бе тарсу ҳарос хуб истифода баранд, зеро чунин тадбир танҳо як бор амал


ӣ


мегардад.




           

Дар маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...