Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи маҳфили иқтисодии Авруосиё, ки ахири моҳи ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мешавад, иқтисодчиёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сабаб, хавфҳои глобалӣ ва оқибатҳои бӯҳрони моливии ҷаҳонро муҳокима хоҳанд кард.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар қатори иқтисодчиёни шинохта аз Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина дар ҷаласаи мазкур иштироки ҳайати Тоҷикистон низ дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масъалаи таъсиси мукофотпулии маҳфил ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА барои 2 олими беҳтарин низ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили иқтисодии олимони Авруосиё бо ташаббуси президенти Қазоқистон баҳори соли 2008 таъсис ёфтааст. Беш аз 20 пажӯҳишгоҳи илмӣ ва макотиби олии кишварҳои узви ИДМ муассисони маҳфил мебошанд.


