Бародари собиқ генерал Ғаффор Мирзоев аз АМА ба Тоҷикистон истирдод мешавад

           Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои наздик Абдурасул Мирзоев, бародари собиқ генерал Ғаффор Мирзоев аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев моҳи августи соли 2006 ба ҳабси якумра маҳкум гардида буд.             Тавре аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар […]

Наргис Ҳамробоева



          

Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои наздик Абдурасул Мирзоев, бародари собиқ генерал Ғаффор Мирзоев аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев моҳи августи соли 2006 ба ҳабси якумра маҳкум гардида буд.





           

Тавре аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, А.Мирзоев дар баъзе мавридҳои парвандаи ҷиноии бародараш шарик аст ва ҳамчунин тибқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ гунаҳкор дониста мешавад.



«Истирдоди А.Мирзоев тибқи созишномаи Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб, ки моҳи апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт, сурат мегирад», – изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки парвандаи ҷиноии Ғ.Мирзоев аз ҷониби Додситонии низомии ҷумҳурӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст ва шарҳи дар кадом ҷиноятҳо даст доштани бародари ӯ ба салоҳияти он дохил мегардад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.