Дар Душанбе се шаҳрванди Афғонистон бо ҳероин боздошт шуданд

Date:



           

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта кормандони Раёсати зудамали фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ ду шаҳрванди Афғонистон – Нурулло валади Абдуллои 45-сола ва Муҳаммад Акбар валади Ғуломмуҳаммадро боздошт намуданд, ки ҳангоми кофтуков аз онҳо 128 бастаи дорои хокаи сафедмонанд дарёфт ва мусодира карда шуд.





           

Аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мувофиқи хулосаи ташхис муайян гардид, ки ин хока маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин буда, вазни он 1045,5 граммро ташкил медиҳад.




           

«Ҳангоми баргузории амалиёти иловагии фавриву ҷустуҷӯӣ боз як шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ёқуб валади Абдулазизи 65-сола низ боздошт шуд, ки аз пинҳонгоҳи махсуси ҷомадони ӯ ба миқддори


992,8 грамм

ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон узви яке аз гурӯҳҳои ҷинояткор мебошанд ва айни замон дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ дошта мешаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...