Ӯзбекистон аз ЕврАзЭС хориҷ мешавад

            Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс»-«Фергана.Ру» – Хабаргузории Регнум бо истинод ба сарчашмаҳои мӯътамад дар мақомоти раҳбарии яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад, ки Ӯзбекистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) даст мекашад.             Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон ба Котиботи ЕврАзЭС тахминан рӯзҳои 16-17-уми октябр санади расмие дар ин хусус […]

root



           

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс»-«Фергана.Ру» – Хабаргузории Регнум бо истинод ба сарчашмаҳои мӯътамад дар мақомоти раҳбарии яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад, ки Ӯзбекистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) даст мекашад.





           

Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон ба Котиботи ЕврАзЭС тахминан рӯзҳои 16-17-уми октябр санади расмие дар ин хусус ирсол кардааст ва тибқи баъзе маълумот, акнун дар Тошканд то 25-уми ноябр посухи тартиби хориҷ шудан аз иттиҳодро интизоранд.




           

Дар хадамоти матбуоти ЕврАзЭС ба хабаргузории Фергана.Ру аз шарҳи ин матлаб худдорӣ намуданд. Сухангӯи дабири кулли иттиҳод Вячеслав Ковалев ба оҷонсии Регнум изҳор доштааст, ки чандест ӯ бемор аст ва аз ин қазия хабар надорад.




           

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва шореҳи байнулмилалии газетаи «Время новостей» Аркадий Дубнов ба хабаргузории Фергана.Ру изҳор доштааст, ки сарчашмаҳои воломақоми дипломатии ӯ дар Вазорати умури хориҷии Русия ва кишварҳои минтақа низ иттилоот дар бораи хориҷ шудани Ӯзбекистон аз ЕврАзЭС-ро тасдиқ кардаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.