Моҳи декабр интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишвар боз як соати дигар зиёд карда мешавад

Date:


Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишвар дар моҳи декабр боз як соати дигар зиёд карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.





 

Манбаъ ёдовар шуд, ки имрӯзҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 7 соат барқ интиқол мешавад ва мутаносибан баъди зиёд шудани он ба як соати дигар, шабонарӯзӣ аҳолӣ 4 соат субҳи ва 4 соат шомгоҳӣ бо қувваи барқ таъмин хоҳад шуд.



Дар хусуси ҳолати таъминот бо барқ дар шаҳри Душанбе бошад, манбаъ мутмаин сохт, ки дар асоси супориши бевоситаи сарвари давлат, дар мавсими кунунӣ оид ба ҷорӣ намудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар ҳудуди пойтахт умуман сухан бояд наравад.



Ёдовар мешавем, дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта минтақаҳои кишвар аз норасооии барқ шадидан танқисӣ кашиданд. Барқ ба аҳолӣ дар ҳаҷми ниҳоят кам интиқол ёфта, сокинони баъзе манотиқ ҳафтаҳо бе рӯшноӣ буданд.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...