Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба баргардонидани 100 млн. кВт/соат қарзи аз нерӯи барқи соли гузашта боқимондаро ба Тоҷикистон шурӯъ кардааст ва аллакай 60 дарсади онро баргардонидааст.
Ёдовар мешавем, мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз соли гузашта Ӯзбекистон ба миқдори 100 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст ва феълан онро баргардонида истодааст. «Ҳамарӯза 1-2 млн. кВт/соат барқи Ӯзбекистон аз ин ҳисоб ба ҷумҳурии мо интиқол дода мешавад», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки бо пардохти қарз мӯҳлати амали қарордод низ ба анҷом мерасад.
Зикр гардид, ки то ахири соли ҷорӣ ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар доир мегардад ва дар он қарордоди нав оид ба таъмини нерӯи барқ дар соли оянда ба имзо хоҳад расид.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳамарӯза ба ҷумҳурӣ тақрибан 8 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол дода мешавад. «Дар дохили кишвар дар як шабонарӯз ҳудуди 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад»,- афзуд манбаъ.


