Дар деҳаи Янгиободи ноҳияи Хуросон Маркази нави солимӣ ба истифода дода шуд

Date:



           

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш дар деҳаи Янгиободи ҷамоати Ғаллаободи ноҳияи Хуросон Маркази нави солимӣ ба истифода дода шуд.





           

Тавре корманди Бунёди миллии сармоягузории иҷтимоии Тоҷикистон Абдулқосим Котибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лоиҳаи хурди мазкур дар доираи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон «Фондҳои мусоидат ба рушди таълимоти заминавӣ ва зерсохторҳои ҷамоатӣ» аз ҷониби ин бунёд амалӣ гардид.




           

Ба гуфтаи мавсуф, деҳаи Янгиобод бо аҳолии 1 ҳазору 486 нафар аз маркази ҷамоат ба масофаи


15 км

ва аз маркази ноҳия ба масофаи

18 км

дуртар воқеъ аст. «Дар ин деҳа як бунгоҳи тиббӣ дар вагон амал мекард, ки дар он як пизишку як хоҳари шафқат фаъолият доштанд», – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, сокинони деҳа аз дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ мушкилоти зиёд доштанд».




           

А.Котибов афзуд, ки маркази тиббӣ бо тамоми шароитҳо таъмин карда шуда, бинои он бо системаи гармидиҳӣ ва утоқҳои муолиҷаи ҳама гуна бемориҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...