Дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 1 фоизи аҳолӣ ба Интернет дастрасӣ дорад

Date:


Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 1 фоизи аҳолӣ ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд. Дар ин бора дар мулоқоти дурӯзаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок гузориш дода шуд.




Дар гузориши комиссия ба ҳозирин маълумот дода шуд, ки дар Зеландияи Нав, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Сингапур ва Малайзия аз шабакаи ҷаҳонии Интернет 50-80 фоизи аҳолӣ истифода мебарад, вале дар Тоҷикистон, Мянма, Камбоҷа ва Бангладеш ин нишондиҳанда камтар аз 1 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, 20 фоизи аҳолии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо Интернет фаро гирифта шудаанд.



Гуфта мешавад, ки вазъ бо истифодаи телефонҳои мобилӣ каме дигаргун аст. Дар тӯли солҳои 2000-2007 шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар Осиёи Ҷанубӣ 70 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба андозаи 40 баробар афзудааст.



Иштирокдорони мулоқот роҳандозии кӯшишҳои таъмини дастрасии баробари аҳолии кишварҳои минтақа ба воситаҳои нави алоқаро таъкид сохтанд, зеро дар замони кунунӣ он яке аз омилҳои рушд ва расидан ба ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...