Олмон амалисозии лоиҳаҳои пурсамару умедбахши бахши кишоварзии ҷумҳуриро дастгирӣ мекунад

Date:


Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Олмон дар ҷумҳурӣ Дорис Хертрампф масъалаи дурнамои рушди ҳамкории кишварҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Қ.Қосимов дастовардҳои кишвари Олмонро дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла содироти техникаву таҷҳизот, мавод ва фановариҳои замонавӣ барои бахши кишоварзӣ, атоматикунонии равандҳои технологӣ дар чорводорӣ, паррандапарварӣ ва таҷдиди умумии соҳаи кишоварзӣ баланд арзёбӣ намуд.



Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ба сафири Олмон барои тайёр кардану бозомӯзии мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва дастгирии молиявии Олмон изҳори миннатдорӣ намуд. Дар навбати худ, сафири Олмон таҳкими ҳамокриҳоро миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Макатаби олии Вайенштефан ва созмони «Инвент», ки фаъолияташон ба соҳаи кишоварзӣ марбут аст, таъкид сохт.



Сафири Олмон изҳори боварӣ кард, ки ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо Барномаи чанде қабл ба имзо расидаи кӯмаки Олмон ба Тоҷикистон ба маблағи 36 млн. Евро мусоидат хоҳад кард. Ҷонибҳо инчунин ба масъалаи беҳбуди низоми обёрикунии Тоҷикистон, ки 60 фоизаш тавассути механикӣ кор мекунанд, таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.



Дар анҷоми мулоқот Д.Хертрампф изҳори умеду боварӣ кард, ки бахши кишоварзии Тоҷикистон моҳи феврали соли оянда дар Ярмаркаи ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзии «Олами сабз» дар Олмон фаъолона ширкат хоҳад варзид. «Мо минбаъд низ амалисозии лоиҳаҳои пурсамару умедбахши бахши кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳем кард», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...