Вазъи ташвишовари ҷамъоварии ҳосили имсолаи пахта

Date:



           

Душанбе. 19-уми ноябр – Пас аз таваққуфи якҳафтаина дар як қатор ноҳияҳои пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд ҷамъоварии ҳосили пахта аз нав шурӯъ шуд. Деҳқонон ният доранд, ки то кӯраки охирин ҳосили имсоларо ҷамъоварӣ намоянд.





           

Тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори кишвар, то имрӯз кишоварзони вилояти Суғд ба андозаи 49,6 фоиз ва вилояти Хатлон 48,3 фоизи нақша ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ кардаанд.




           

Ба гуфтаи сардори Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов, боришоти рӯзҳои ахир сабаби он гардид, ки деҳқонон аз ҷамъоварии ҳосил даст кашанд. Номбурда изҳор дошт, ки дар чанде аз хоҷагиҳои ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав шудгор ва ҷамъоварии ғӯзапоя оғоз шудааст, ки ҳарчӣ барвақт анҷом додани он ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.




           

Қобили зикр аст, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Данғара нахустин шуда аз иҷрои нақша мужда расониданд. Маъмулан маъракаи ҷамъоварии пахта бо бориши барфи авал – ахири моҳи ноябр ё аввали моҳи декабр ба анҷом мерасад.




           

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар масоҳати 254 ҳазору


279 га

пунбадона кишт гардида, 419 ҳазору 597 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки он аз 550 ҳазор тоннаи мувофиқи нақша пешбинишуда 76,3 фоизро ташкил медод. Соли равон пунбадона дар масоҳати 242 ҳазору

439 га

кишт карда шуда, тибқи нақша ҷамъоварии 552,2 ҳазор тонна «тиллои сафед» пешбинӣ гардида буд.




           

Тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ содироти нахи пахта дар ҳаҷми умумии содироти моли кишвар 7,2 фоизро ташкил дода, ба хориҷи кишвар ба маблағи $89,5 млн. нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 20,5 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиш $8,1 млн. камтар аст.




           

Нахи пахтаи ҷумҳурӣ асосан ба Русия (39,9%), Эрон (26,4%), Ӯзбекистон (9,6%), Латвия (7,9%), Булғористон (5,5%), Белорус (3,5%), Украина (2,3%), Чин (0,3%) ва Британияи Кабир (0,2%) бароварда шудааст.




           

Қимати миёнаи нахи пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи $221 афзуда, феълан барои 1 тонна $1336-ро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...