Сокини шаҳри Душанбе ба гумони нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт гардид

Date:


            Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни як амалиёти вижа кормандони раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати умури дохилии кишвар дар ҳудуди бозори Шоҳмансури пойтахт ба гумони нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир сокини 23-солаи шаҳри Душанбе – Шодибек Аҳмадовро боздошт намуданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ – Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, зимни кофтукови шахсии фарди дастгиршуда, ки дар ҳузури шоҳидон сурат гирифт, аз кифи сафарии ӯ беш аз 12 клограмм афюн ёфт ва мусодира карда шуд.



Дар ҷараёни бозпурсии аввал, Аҳмадов гуфт, ки мухаддаротро дар яке аз навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон аз як фарди барои тафтишот ҳанӯз номаълум дарёфт карда, қасд доштааст, онро дар пойтахт бифурӯшад. «Нисбати Шодибек Аҳмадов парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад», – гуфт Асадуллоев.

       



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...