Масъалаи барқарорсозии хонаҳои аз таркиш зарардида дар Душанбе таҳти назорати раиси шаҳр қарор дорад

Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Масъалаи барқарор намудани манзили истиқоматие, ки дирӯз дар натиҷаи таркиши газ хароб гардид, аз тарафи комиссияи вижа мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар хатми он ба раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳисобот дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи шаҳрдори Душанбе – Шавкат Саидов хабар дод.   Ёдовар мешавем, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Масъалаи барқарор намудани манзили истиқоматие, ки дирӯз дар натиҷаи таркиши газ хароб гардид, аз тарафи комиссияи вижа мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар хатми он ба раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳисобот дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи шаҳрдори Душанбе – Шавкат Саидов хабар дод.





 

Ёдовар мешавем, инфиҷори газ, субҳи дирӯз дар яке аз ҳуҷраҳои бинои истиқоматии кӯчаи Рӯдакӣ, воқеъ дар маркази пойтахт ба амал омад. Таркиши газ дар ошёнаи сеюми бинои 4-ошёна, талафоти ҷонӣ дар пай надошт.



Ба иттилоъи намояндаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилӣ, дар натиҷаи сӯхторе, ки баъди таркиш ба амал омад, қисмати дохилии ҳуҷра каме хароб гардид. Таркиш ва сӯхтор ба хонаҳои ҳамҷавор осеб нарасондаанд. Бар асари инфиҷор соҳибони манзил Валентина Гардейи 74-сола ва Марина Клейменоваи 49-сола ҷароҳат бардошта, алъон дар маркази ҷумҳуриявии беморони сӯхта таҳти табобат қарор доранд. Ба гуфтаи пизишкон, вазъи ҷабрдидагон нисбатан беҳтар гардида, ба ҷони онҳо хатаре тахдид намекунад.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.