Додситонии кулл мӯътақид аст, ки барои коҳиши ҳодисаҳои худкушӣ бақайдгирии оилаҳои шароиташон номусоид зарур аст

            Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Додситонии кулли ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки барои муваффақ гаштан ба коҳиши ҳодисаҳои худкушӣ зарур аст, мисли солҳои шӯравӣ оилаҳои дорои шароити номусоид ба қайд гирифта шаванд.             Тавре аз додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар 9 моҳи соли равон дар кишвар 450 ҳодисаи […]

Шаҳло Абдураҳимова



           

Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Додситонии кулли ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки барои муваффақ гаштан ба коҳиши ҳодисаҳои худкушӣ зарур аст, мисли солҳои шӯравӣ оилаҳои дорои шароити номусоид ба қайд гирифта шаванд.





           

Тавре аз додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар 9 моҳи соли равон дар кишвар 450 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 15 ҳодиса бештар аст.




           

Дар ин давра дар пойтахти ҷумҳурӣ – 72, вилояти Суғд – 177, Хатлон – 97 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 29 (танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ – 22) нафар даст ба худкушӣ задаанд. Аз миқдори умумии фавтидагон 240 нафараш зан ва 74 нафар ноболиғ мебошанд.




           

Тибқи маълумоти додситонии кулл, 214 нафар тавассути худро ба дор овехтан, 132 нафар тариқи худро оташ задан ва 132 нафар бо роҳи истеъмоли маводи заҳролуд даст ба худкушӣ задаанд. Инчунин 9 нафар ғарқ гашта, 32 нафар бар асари расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба худ ба ҳалокат расидаанд.




           

Манбаъ афзуд, ки соли равон аз рӯи далели ба худкушӣ даст задан тибқи моддаи 109-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ба худкушӣ оварда расонидан) 30 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, 17-то он дар мавриди баррасии додгоҳҳо қарор дорад.




           



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.