Сокини шаҳри Душанбе ба гумони нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт гардид

            Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни як амалиёти вижа кормандони раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати умури дохилии кишвар дар ҳудуди бозори Шоҳмансури пойтахт ба гумони нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир сокини 23-солаи шаҳри Душанбе – Шодибек Аҳмадовро боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ – Маҳмадулло […]

Аваз Юлдошев


            Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни як амалиёти вижа кормандони раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати умури дохилии кишвар дар ҳудуди бозори Шоҳмансури пойтахт ба гумони нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир сокини 23-солаи шаҳри Душанбе – Шодибек Аҳмадовро боздошт намуданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ – Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, зимни кофтукови шахсии фарди дастгиршуда, ки дар ҳузури шоҳидон сурат гирифт, аз кифи сафарии ӯ беш аз 12 клограмм афюн ёфт ва мусодира карда шуд.



Дар ҷараёни бозпурсии аввал, Аҳмадов гуфт, ки мухаддаротро дар яке аз навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон аз як фарди барои тафтишот ҳанӯз номаълум дарёфт карда, қасд доштааст, онро дар пойтахт бифурӯшад. «Нисбати Шодибек Аҳмадов парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад», – гуфт Асадуллоев.

       



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.