«Тоҷиксодиротбонк» интиқоли маблағҳоро тавассути низоми нави «Тоҷи Тиллоӣ» ба роҳ монд

Date:



           

Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиксодиротбонк» интиқоли маблағҳоро тавассути низоми нави «Тоҷи Тиллоӣ» ба роҳ монд.





           

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, низоми мазкур на танҳо тарзи маъмулии интиқоли маблағҳоро дарбар мегирад, балки ба мизоҷон маҷмӯи васеъи воситаҳои ҷадиди интиқоли маблағҳоро пешниҳод месозад, ки он аз имконоти густардаи интиқол ва гирифтани маблағҳо иборат аст.




           

Тибқи маълумоти манбаъ, бартарияти низоми тоза дар суръати интиқоли маблағ ифода меёбад, зеро ҳамагӣ пас аз як сонияи интиқоли маблағ, метавон онро аллакай дастрас намуд. Ғайр аз ин, боз як ҷиҳати мусбати ин низом дар он аст, ки зимни интиқоли маблағҳо сабти суроғаи дақиқу мушаххас зарур нест, танҳо зикри кишвару шаҳр кифоя аст. Шахсе, ки ба ӯ маблағ фиристода мешавад, худаш мустақилона метавонад нуқтаи барояш қулайи гирифтани маблағро дар он шаҳр интихоб намояд. Миқдори фоизи бонк ҳангоми интиқоли маблағҳо ба кишварҳои ИДМ ва Русия 1,5 фоизро ташкил медиҳад.




           

Қобили зикр аст, ки феълан «Тоҷиксодиротбонк» тавассути низомҳои

«Анелик», «Contact», «InterExpress», «Migom», «Western Union», «Аллюр», «Бистрая почта», «Юнистрим», «Близко» фаъолиятро роҳандозӣ кардааст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...