Дар Тоҷикистон гурӯҳи сершумори қочоқчиёни маводи мухаддир ба даст афтод

Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон гурӯҳи сершумори қочоқчиёни маводи мухаддир ба даст афтод, ки муддати тӯлонӣ дар қаламрави водии Ҳисор ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буд. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аъзои фаъоли гурӯҳ зимни амалиёти вижа дастгир шуданд. «Амалиёти мазкур тӯли […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон гурӯҳи сершумори қочоқчиёни маводи мухаддир ба даст афтод, ки муддати тӯлонӣ дар қаламрави водии Ҳисор ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буд.


Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аъзои фаъоли гурӯҳ зимни амалиёти вижа дастгир шуданд. «Амалиёти мазкур тӯли се моҳ идома дошт», – гуфт манбаъ.


Ба иттилои манбаъ, ҳангоми боздошт ҷинояткорон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқобилати шадид нишон дода бошанд ҳам, дастгир карда шуданд. «Ҳангоми азназаргузаронии мошини онҳо 20 бастаи селлофанӣ бо ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумии он ба беш аз 18 кило баробар буд», – афзуд манбаъ.


Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, феълан аъзои дигари гурӯҳ ҷустуҷӯ карда мешаванд. Дар даҳ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони агентӣ 1 тоннаву 260 кило маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 318 кило ё худ 33,8 фоиз зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.