Хуҷанд. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тавассути барномаи «Жди меня» (Маро интизор бош)-и шабакаи аввали телевизиони Русия дар Тоҷикистону Русия 100 нафар ба дидори хешону наздикони худ расид, ки солҳои тӯлонӣ онҳоро ҷустуҷӯ мекарданд.
Тавре кӯмакрасони ихтиёрии барнома дар шаҳри Хуҷанд Баҳринисо Абдураҳмонова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷустуҷӯи хешону наздикони чанде аз муроҷиаткардагон муддатҳои тӯлонӣ давом кардааст ва ба туфайли фаъолияти муштараки 600 нафар кӯмакрасони ихтиёрии барнома дар саросари ҷаҳон ин ҷустуҷӯҳо мувафффақона анҷом ёфтаанд.
Чанд рӯзе қабл хешовандони зодаи Чеченистон – Анатолий Калайтанови 57-сола ёфт шуданд. А.Калайтанов 20 сол дар сохтмон кор карда, сипас дар Тоҷикистон аз манзили зист маҳрум гашта, бекор монда буд ва базӯр зиндагии худро паси сар мекард. «Пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби барнома чипта харида, тавассути ҳавопаймо ӯро ба ватанаш – назди хешу ақрабо гусел хоҳем кард», – гуфт Б.Абдураҳмонова.
Номбурда афзуд, ки феълан 70 аризаи шаҳрвандон оид ба кӯмак намудан дар мавриди ҷустуҷӯи хешу ақрабо мавриди баррасӣ қарор дорад.


