«Тоҷиктелеком» ва «Чайна Телеком» Тоҷикистону Чинро бо хати алоқаи рақамии хушсифат мепайванданд

Date:



           

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл мақомоти раҳбарии оператори миллии алоқаи Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкати телекоммуникатсионии «Чайна Телеком»-и Чин доир ба насби хати алоқаи оптикии хушсифати рақамӣ миёни кишварҳо тавофуқ ҳосил карданд.





           

Тавре сардори Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Хуршед Раҷабмамадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин навъи алоқаи рақами барои дастрасӣ ба шабакаи Интернет, телевизиони рақамиву кабелӣ ва гузаронидани конфронсҳои видеоӣ имконият фароҳам месозад.




           

Ба иттилои манбаъ, феълан аз чунин тарзи алоқа муштариёни «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи маркази самти ғарбии пойтахт истифода мебаранд. «Амалисозии марҳилаи саввуми лоиҳаи фаро гирифтани тамоми қаламрави кишвар бо чунин тарзи алоқа аллакай шурӯъ шуд ва феълан корҳои насби хати алоқаи Душанбеву Бадахшон тавассути ноҳияҳои тобеи марказ, ки дар самти шарқии пойтахт воқеанд, идома доранд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...