Бонки рушди Осиё тайи чор соли оянда ба Тоҷикистон танҳо ройгон кӯмак хоҳад кард

            Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) дар муддати чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон танҳо дар асоси ҷудо кардани бурсҳо кӯмак хоҳад кард.             Роҳбари хадамоти дафтари бонк дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева қайд кард, ки қатъи муваққатии ба ҷумҳурӣ ҷудо кардани қарз аз ҷониби бонкро чанде аз ВАО ба ҳаҷми зиёди […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) дар муддати чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон танҳо дар асоси ҷудо кардани бурсҳо кӯмак хоҳад кард.





           

Роҳбари хадамоти дафтари бонк дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева қайд кард, ки қатъи муваққатии ба ҷумҳурӣ ҷудо кардани қарз аз ҷониби бонкро чанде аз ВАО ба ҳаҷми зиёди қарзи хориҷии Тоҷикистон вобаста медонанд. «Аммо дар асл ин тавр нест, зеро бонк барои мусоидат ба крҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба чунин иқдом даст зад», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли ӯ, бонк дар ҳамдастӣ бо Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаи устувории қарзи хориҷии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор додааст ва дар нимаи моҳи оянда натиҷаҳои он дастраси ҳамагон мегардад. «Тайи 10 соли ахир БРО ба Тоҷикистон беш аз $500 млн. маблағ ҷудо намудааст, ки $350 миллиони он воситаҳои қарзӣ мебошанд», – афзуд ӯ.




Маълумотнома:

Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд. Соли 2007 Бонки рушди Осиё ба маблағи умумии 10,1 млрд. доллари амрикоӣ пешиҳоди қарзҳо, ба маблағи 673 млн. доллари амрикоӣ додани бурсҳо ва ба маблағи 243 млн. доллари амрикоӣ расонидани кӯмаки техникиро маъқул шуморид.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.