«Тоҷиктелеком» ва «Чайна Телеком» Тоҷикистону Чинро бо хати алоқаи рақамии хушсифат мепайванданд

            Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл мақомоти раҳбарии оператори миллии алоқаи Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкати телекоммуникатсионии «Чайна Телеком»-и Чин доир ба насби хати алоқаи оптикии хушсифати рақамӣ миёни кишварҳо тавофуқ ҳосил карданд.             Тавре сардори Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Хуршед Раҷабмамадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл мақомоти раҳбарии оператори миллии алоқаи Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкати телекоммуникатсионии «Чайна Телеком»-и Чин доир ба насби хати алоқаи оптикии хушсифати рақамӣ миёни кишварҳо тавофуқ ҳосил карданд.





           

Тавре сардори Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Хуршед Раҷабмамадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин навъи алоқаи рақами барои дастрасӣ ба шабакаи Интернет, телевизиони рақамиву кабелӣ ва гузаронидани конфронсҳои видеоӣ имконият фароҳам месозад.




           

Ба иттилои манбаъ, феълан аз чунин тарзи алоқа муштариёни «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи маркази самти ғарбии пойтахт истифода мебаранд. «Амалисозии марҳилаи саввуми лоиҳаи фаро гирифтани тамоми қаламрави кишвар бо чунин тарзи алоқа аллакай шурӯъ шуд ва феълан корҳои насби хати алоқаи Душанбеву Бадахшон тавассути ноҳияҳои тобеи марказ, ки дар самти шарқии пойтахт воқеанд, идома доранд», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.