Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия: Талаби муҳоҷирони тоҷик оид ба пардохти маош дар муддати ду-се рӯз қонеъ карда мешавад

            Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Русия Раҷабалӣ Ҳасанов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки талаби муҳоҷирони тоҷик оид ба пардохти музди меҳнат дар зарфи ду-се рӯзи наздик қонеъ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирони тоҷик муддати чандест, ки […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Русия Раҷабалӣ Ҳасанов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки талаби муҳоҷирони тоҷик оид ба пардохти музди меҳнат дар зарфи ду-се рӯзи наздик қонеъ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирони тоҷик муддати чандест, ки бо ин талаб дар шаҳри Екатеринбурги Русия даст ба корпартоӣ задаанд.




Ба гуфтаи ӯ, додситонии шаҳри Екатеринбург аз рӯи ин далел тафтишотро оғоз кардааст. Ӯ мегӯяд, ки муҳоҷирони тоҷик барои напардохтани музди меҳнати семоҳа аз ҷониби ширкати сохтмонӣ даст ба корпартоӣ задаанд. Мақомоти давлатии назорати меҳнати Русия метавонад ширкати сохтмониро ҷаримабандӣ намояд ё ба муддати 90 рӯз фаъолияти онро қатъ созад.



Р.Ҳасанов таъкид сохт, ки ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар Русия қарор дорад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.