Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз дирӯз гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон бо кишвари мо ба таври маъмулӣ ба фаъолият пардохтанд ва убури шаҳрвандонро ба ҳарду тарф бидуни мамониат иҷозат медиҳанд.
Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, айни замон додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафари Ӯзбекистонро доранд, чун пештара сурат мегирад. «Шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба сар мебаранд, имкон доранд бидуни раводид муддати 5 рӯз аз Ӯзбекистон боздид намоянд», – гуфт манбаъ.
Дар мавриди шарҳи чанде қабл баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ дар сафорати Ӯзбекистон изҳор доштанд, ки он ба сабабҳои техникӣ марбут буд.
Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ низ хабари боз шудани гузаргоҳҳои марзиро бо Ӯзбекистон тасдиқ карданд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯзи 27-уми ноябр гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд. Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2001 убури марз тавассути раводид сурат мегирад.



