Миёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи Берн Ёддошти тафоҳуми рушди имконоти зеҳнӣ ва таҳқиқотӣ дар минтақа ба имзо расид

            Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Берн миёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ва Маркази рушди истифодаи табиати Донишгоҳи ин шаҳр оид ба рушди имконоти зеҳнӣ ва таҳқиқотӣ дар бахши ҳиязи муҳити зист, идораи захоири табиӣ ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ Ёдддошти тафоҳум ба имзо расид.             Тавре аз […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Берн миёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ва Маркази рушди истифодаи табиати Донишгоҳи ин шаҳр оид ба рушди имконоти зеҳнӣ ва таҳқиқотӣ дар бахши ҳиязи муҳити зист, идораи захоири табиӣ ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ Ёдддошти тафоҳум ба имзо расид.





           

Тавре аз шӯъбаи ДОМ дар шаҳри Хоруғ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар шарикӣ бо маркази номбурдаи донишгоҳи Берн нақшаи ДОМ оид ба таъсиси маркази минтақавии таҳқиқотӣ дар шаҳрҳои Хоруғ (Тоҷикистон), Нарин (Қирғизистон) ва Текели (Қазоқистон) амалӣ мешавад.




           

Ба иттилои манбаъ, ёддошти мазкур ба тайёр кардани мутахассисону омӯзгорон ва таҳқиқгарони донишгоҳ ва ҳамчунин рушди ҳамкорӣ оид ба табодули таҷриба миёни профессорони ин донишгоҳҳо равона гардидааст.




           

Ёдрас мекунем, ки 20-уми майи соли ҷорӣ ДОМ ва Маркази рушди истифодаи табиати Донишгоҳи шаҳри Берн перомуни оғози ҳамкориҳо дар бахши рушди имконоти зеҳнӣ ва таҳқиқотӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист миёни шаҳрвандони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хабар дода буданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.