Ӯзбекистон гузаргоҳҳои марзиашро бо Тоҷикистон боз кард

Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз дирӯз гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон бо кишвари мо ба таври маъмулӣ ба фаъолият пардохтанд ва убури шаҳрвандонро ба ҳарду тарф бидуни мамониат иҷозат медиҳанд. Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, айни замон додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафари Ӯзбекистонро доранд, чун пештара […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз дирӯз гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон бо кишвари мо ба таври маъмулӣ ба фаъолият пардохтанд ва убури шаҳрвандонро ба ҳарду тарф бидуни мамониат иҷозат медиҳанд.




Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, айни замон додани раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафари Ӯзбекистонро доранд, чун пештара сурат мегирад. «Шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба сар мебаранд, имкон доранд бидуни раводид муддати 5 рӯз аз Ӯзбекистон боздид намоянд», – гуфт манбаъ.



Дар мавриди шарҳи чанде қабл баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ дар сафорати Ӯзбекистон изҳор доштанд, ки он ба сабабҳои техникӣ марбут буд.



Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ низ хабари боз шудани гузаргоҳҳои марзиро бо Ӯзбекистон тасдиқ карданд.



Ёдрас мекунем, ки аз рӯзи 27-уми ноябр гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муваққатан аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд. Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2001 убури марз тавассути раводид сурат мегирад.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.