Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 9-12-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон баргузор мешаванд.
Тавре роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин чорабинӣ бо иқдоми сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат мегирад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар чаҳорчӯбаи чорабинии мазкур дар шаҳри Теҳрон консерти устодони санъати Тоҷикистон доир хоҳад гашт. Дар давоми ин рӯзҳо ҳамчунин намоишгоҳҳои мусаввара, акс ва маҳсулоти ҳунармандони ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.



