Дар вилояти Суғд сарбозон барои дароз кардани мӯҳлати рухсатӣ маҳкум гардиданд

            Хуҷанд. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи низомии гарнизони вилояти Суғд ду сарбозро барои дароз кардани мӯҳлати рухсатӣ шартан аз озодӣ маҳрум намуд.             Тавре додрас Муслим Худойбердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мурофиаи додгоҳие, ки 3-уми декабр ба анҷом расидааст, зодаи ноҳияи Ашт Хуршед Абдураҳмонов ва сарбози дигар аз ноҳияи Конибодом дар […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи низомии гарнизони вилояти Суғд ду сарбозро барои дароз кардани мӯҳлати рухсатӣ шартан аз озодӣ маҳрум намуд.





           

Тавре додрас Муслим Худойбердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мурофиаи додгоҳие, ки 3-уми декабр ба анҷом расидааст, зодаи ноҳияи Ашт Хуршед Абдураҳмонов ва сарбози дигар аз ноҳияи Конибодом дар ноҳияи Рашт хизмат карда, мӯҳлати рухсатии худро ғайриқонунӣ дароз мекунанд. «Масалан, Х.Абдураҳмонов ба ҷойи 10 рӯз 29 рӯз истироҳат кардааст», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои мнбаъ, додгоҳ онҳоро барои чунин амал шартан ба муддати як сол ва мӯҳлати озмоишӣ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум кардааст. «Мӯҳлате, ки онҳо ба замми рухсатӣ истироҳат кардаанд, ба мӯҳлати хизмат ҳисобида нахоҳад шуд», – афзуд сарчашма.

  



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.