Президенти Тоҷикистон ба таҳкиму густариш додани ҳамкорӣ бо корхонаи «Турбоатом»-и Украина ҳавасмандӣ зоҳир кард

Date:


Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Харкови Украина сафар карда, аз корхонаи азими Турбоатом, ки аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ оид ба бунёди турбина, агрегат ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши нерӯгоҳҳои обӣ, атомӣ,

 

ҳароратӣ ва ғайра буда, бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамари дерина дорад, ьоздид кард.




Чунонки дирӯз дар нишасти матбуотии сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко таъкид гардид, беш аз 85 дар сади тамоми таҷҳизоти гидротехникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон сохти Турбоатом ва дигар корхонаҳои саноатии Украина мебошад. Ду агрегати нерӯгоҳи обии Роғун ҳам ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта аз корхонаи Турбоатом ба Тоҷикистон фиристода шуда буд.



Президенти Тоҷикистон бо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи Турбоатом аз наздик шинос шуда, ба таҳкиму густариш додани ҳамкорӣ бо ин корхона дар самти таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда ва таъмини нерӯгоҳҳои нав бо таҷҳизоти гидротехникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд. Маҳз ҳамин гуна имкону захираҳои фаровон аст, ки дирӯз Виктор Ющенко гидроэнергетикаро самти афзалиятноки робитаҳои иқтисодии ду кишвар маънидод кард ва изҳор намуд, ки «Украина азм дорад ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба сатҳи стратегӣ барорад».



Ба андешаи ӯ, Тоҷикистону Украина имкон доранд дар ҳамкории зич ҳаҷми мубодилоти

 

тиҷоратии байни худ ва бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба маротиб боло баранд.



Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Харков, дар Тоҷикистон

 

корхонаи муштараки

 

истеҳсоли таҷҳизот барои нерӯгоҳҳои хурди обӣ бунёд мегардад ва филиали

 

Донишгоҳи миллии политехникии Харков дар Тоҷикистон кушода мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии сарвари давлат хабар медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...