Аҳзоби сиёсии Суғд дар дастрасӣ ба васоити ахбори умум мушкилот эҳсос мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:



           

Хуҷанд. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аҳзоби сиёсии вилояти Суғд дар дастрасӣ ба васоити ахюори умум ва табъу нашри маводашон дар он мушкилот эҳсос мекунанд.





           

Дар мизи мудавваре, ки дар мавзӯи таблиғоти сиёсии аҳзоб аз ҷониби ташкилоти ғайриҳукуматии «Ҳокимияти чаҳорум»-и шаҳри Хуҷанд созмон дода шуд, чунин изҳори ақида карда шуд.




           

Дар ин чорабинӣ масъалаи ҳамкории муштараки аҳзоб бо васоити ахбори умум мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндаҳои ҳарду ҷониб назари худро роҷеъ ба ин масъала изҳор намуданд. Ба назари сиёсатмадорон, барои табъу нашри мавод ё наворбардорӣ ҳам дар васоити ахбори умуми давлатӣ ва ҳам мустақил аксаран маблағ лозим аст ва ҳатто дар сурати пардохти маблағ низ наметавон мутмаин буд, ки мавод табъу нашр хоҳад шуд.




           

Зикр гардид, ки аҳзоби сиёсии вилоят бештар дар ҳамкорӣ бо васоити ахбори умуми ватанӣ мушкилот эҳсос менамоянд. «Аз ин рӯ, бештар аз фаъолияти мо тавассути расонаҳои хабарии хориҷӣ огоҳ мегардаднд, зеро намояндагони онҳо дар ҳамаи чорабиниҳои мо ширкат меварзанд», – изҳор дошт намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муллоаббос Раҷабов.




           

Ба гуфтаи созмондиҳандагони чорабинӣ, чунин мизи мудаввар дар ноҳияи Исафара низ баргузор шудааст. Мизи мудаввар дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳае, ки аз ҷониби Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, доир мегардад ва дар идомаи он тавассути баргузории 8 тренинг сиёсатмадорони 8 шаҳру ноҳияи вилоят тарзи кор бо матбуотро меомӯзанд.


Популярное

Похожие материалы