Дар Душанбе филиали Донишкадаи политехникии Харков кушода мешавад

Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе филиали Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина кушода мешавад. Дар ин хусус президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ректори Донишгоҳи Харков Леонид Таважнянский зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина тавофуқ ҳосил карданд. Президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки бисёр мутахассисони тоҷик дар ин мактаби олии […]

root


Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе филиали Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина кушода мешавад. Дар ин хусус президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ректори Донишгоҳи Харков Леонид Таважнянский зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина тавофуқ ҳосил карданд.




Президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки бисёр мутахассисони тоҷик дар ин мактаби олии шаҳри Харков таълим гирифтаанд. Тибқи иттилои сомонаи интеретии atn.kharkov.ua, президенти Тоҷикистон аз ректори донишгоҳ дархост кардааст, ки шумори квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ зиёд карда шавад.



Э.Раҳмон гуфтааст, ки айни замон дар ин донишгоҳ 30 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки ин хеле кам аст ва афзудани квотаҳои мутахассисоне, ки Тоҷикистон ба онҳо эҳтиёҷ дорад, заруру саривақтӣ шуморидааст. «Ҳадди ақалл на камтар аз 100 донишҷӯи тоҷик бояд дар ин даргоҳи илм таҳсил кунад», – иброз доштааст ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.