Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон оғоз гардиданд.
Тавре роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифтааст. Ба ҳайати Тоҷикистон ҳунармандони маъруфу шинохта Ҷӯрабек Муродов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Шӯҳрат Сайнаков, шоирон Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғойиб ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ, рассомон Сайфиддин Шералиев ва Заур Дахте шомиланд. Рассомони тоҷик асарҳои худро дар намоишгоҳи мусаввараҳо таҳти унвони «Тоҷикистони имрӯза» ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.
Ба қавли А.Абдуҷабборов, дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи ҳунармандони тоҷик, консерти устодони санъат ва шомҳои мулоқот бо адибони тоҷик баргузор хоҳанд гашт.
Ба иттилои манбаъ, Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон муддати чаҳор рӯз идома меёбанд. «Соли оянда дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе доир мешаванд», – афзуд сарчашма.



