ИДМ рисолати худро анҷом дод ва имрӯз фаъолияти он муассир нест, – назари коршиноси тоҷик

            Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо таъсиси созмони байнулмилалии минтақавӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рисолати худро анҷом додааст. «Равандҳои дигаргунӣ дар робита ба истиқлолият касб кардани кишварҳои узви ИДМ оромона сурат гирифтанд», – гуфт […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо таъсиси созмони байнулмилалии минтақавӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рисолати худро анҷом додааст. «Равандҳои дигаргунӣ дар робита ба истиқлолият касб кардани кишварҳои узви ИДМ оромона сурат гирифтанд», – гуфт ӯ.





           

Номбурда зикр кард, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҷиҳати ба шакли ягона овардани қонунгузорӣ ва фароҳам овардани шароитҳо барои ҳамкории мутақобилан судманд кӯшишҳо ба харҷ дода шуданд, вале ҳамаи кишварҳо чун субъектҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ эълом доштанд, ки сиёсати бисёрсамтаро пеш мегиранд ва аз арзишҳое пуштибонӣ намуданд, ки аксаран мухолифи манфиатҳои якдигар буданд.




           

Ба назари Ш.Ҳакимов, дар самти низомиву сиёсӣ иттиҳод ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид, вале дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ тақрибан чизе ба иҷро нарасидааст. «Ахиран мухолифатҳои сиёсиву низомии кишварҳои узви иттиҳод баръало зоҳир мешаванд», – гуфт коршинос.




           

Ш.Ҳакимов афзуд, ки феълан фаъолияти ИДМ чун созмони байнулмилалии минтақавӣ муассир нест, зеро имконоти он ба охир расидаанд. «Албатта, ҷиҳати бозсозиву таҷдиди фаъолияти иттиҳод кӯшишу иқдомот роҳандозӣ шуданд, вале он танҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонаду халос», – афзуд коршиноси масоили сиёсӣ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.