Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зиёда аз 120 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки тӯли ду ҳафта ба нишони эътироз ба пардохт нашудани маоши чандмоҳаашон аз тарафи корфармоён дар як иншооти сохтмоние дар шаҳри Екатеринбурги Русия даст ба корпартоӣ заданд, ахиран музди меҳнати 3-моҳаи худро гирифтанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» телефонӣ аз шаҳри Екатеринбург иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия – Раҷабалӣ Ҳасанов хабар дод.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои оҷонсии хабарии «Урал-информ-бюро», сохтмончиёни тоҷик баъди пардохти қарз аз маош, бекор хоҳанд монд, зеро ки фармоишгари иншоот Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «СКА» шартномаи миёни худ ва ширкати пудратчии «Алфа-строй»-ро, ки ҳамватанони моро бо ҷойи кор таъмин карда буд, лағв кардааст.
Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ширкати «СКА» – Алексей Тихонов, ба сохтмончиён наздики 10 миллион рубл пардохт карда шуд. Дар идома ӯ чунин баён дошт: «Барои холӣ кардани иншооти сохтмонӣ аз корпартоён, мо маҷбур шудем худ маблағи қарзро ба сохтмончиён пардохт кунем, зеро «Алфа-строй» ин миқдор маблағро надорад. Масъулини ширкати пудратчӣ он миқдор маблағе, ки мо вақт аз вақт барои онҳо ҷудо мекардем, куҷо кардаанд, мо намедонем. Умедворем, ки имрӯз кормандони «Алфа-строй» иншоотро тарк мекунанд ва мо барои идомаи корҳои сохтмонӣ бо пудратчии дигар шарнома хохем баст».



