Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов дар ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастьаҷамъӣ, ки имрӯз дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван доир мегардад, ширкат меварзад.
Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, котибони шӯрои амнияти созмон дар мулоқот масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи мушкилоти мавҷудаи мубориза бо ин падидаҳои номатлуб, густаришу тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи амалиёти «Канал», пешгирӣ аз раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташаккули нерӯву имконоти муштараки пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои узви созмон табодули назар хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайати СААД шомиланд.


