Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати байнулмилалии
Tethys
Petroleum
Limited
ва Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Интер РАО ЕЭС»-и Русия оид ба ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавофуқ ҳосил карданд. Дар иттилоияи интишорёфтаи ширкати
Tethys
Petroleum
Limited
, ки имрӯз дастаси ОИ «Азия-Плюс» гардид, гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Маскав дар ин хусус Ёддошти нияти ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи санад, ширкатҳо дар Қазоқистон ва минтақаҳои дигари нафту газдори минтақа бо мақсади кашфи конҳои нав корҳои муштараки иктишофиву ҷустуҷӯиро роҳандозӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ширкати «Интер РАО ЕЭС» ширкати умдатарини энергетикии Русия маҳсуб гардида, дар шарикӣ бо ин сохтор дар Тоҷикистон нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бунёд мешавад. Ширкати
Tethys
Petroleum
Limited
барои фаъолият дар 56 майдони нафту газдори Тоҷикистон иҷозатнома гирифтааст.


