Имсол маблағи хароҷоти хизматрасонии қитъаи дар ноҳияи Айнӣ воқеъбудаи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 30 дарсад афзуд

            Хуҷанд. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол маблағи хароҷоти хизматрасонии қитъаи дар ноҳияи Айнӣ воқеъбудаи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 30 дарсад афзуд.             Тавре сардори муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербӯтаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли ҷорӣ аз буҷа ба муассисаи мазкур 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол маблағи хароҷоти хизматрасонии қитъаи дар ноҳияи Айнӣ воқеъбудаи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 30 дарсад афзуд.





           

Тавре сардори муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербӯтаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли ҷорӣ аз буҷа ба муассисаи мазкур 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 80 ҳазор сомонӣ бештар аст. «Ин имкон дод, ки дар фасли зимистон барои таъмини ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла дар ағбаи Шаҳристон беш аз 1 ҳазор метри мукааб хок захира карда шавад», – гуфт ӯ.




           

Ба иттилои манбаъ, барои таъмини мунтазами корҳо дар қитъаҳои роҳи ноҳия 12 метри мукааб ҳезум, 5 тонна ангишт ва 2 тонна маводи сӯзишвории дизелӣ низ захира шудаанд.




           

С.Шербӯтаев мегӯяд, ки захираҳои мавҷуда имконият медиҳанд, ки то ахири сол дар


113 километр

қитъаи роҳи душвортарини шоҳроҳ ҳаракати нақлиёт мунтазам таъмин карда шавад. «Соли оянда боз афзоиши маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст», – афзуд раиси муассиса.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.