Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кафили сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний имрӯз бо паҳн намудани як иттилоияи расмӣ гуфтааст, ҷиноятҳое, ки дар Русия дар заминаи адовати қавмӣ содир мешаванд, натанҳо боиси қаҳру ғазаби тоҷикистониён, балки ҷомеъаи Русия низ мегардад. «Мо аз кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дар вилояти Маскав сахт хашмгин ва хиҷил шудем», – гуфт Светличний ва афзуд, ки Сафорати Русия ин ҷиноятро шадидан маҳкум намуда, онро фитнае барои барангехтани адовати қавмӣ ва халалдор сохтани муносиботи дӯстонаи Русияву Тоҷикистон мешуморад.
Дар иттилоия қайд
карда
мешавад, ки
тафтиши
ҷ
иноёти
марбут ба адовати қавмӣ яке
аз
вазифаҳои
асосии
мақомоти
ҳифзи ҳуқуқи Русия маҳсуб мегардад.
«Қазияи қатли шаҳрванди
То
ҷ
икистон
С.Азизов
таҳти
назорати
махсуси
мақомоти
муҳофизи
қонуни Русия
қарор
дорад ва барои тафтиши
ин
ҷ
иноят
аз
ҷ
умлаи
кормандони
варзидаи
кумитаи
тафтишот,
хадамоти
ҷ
усту
ҷ
ӯ
и
ҷ
иноят ва
раёсати
ба
кариб
ӣ
ташкилёфтаи
мубориза
ба
муқобили
ифротгароён,
инчунин Хадамоти
федералии
амният
ситоди
махсус
ташкил
карда шуд», – оварда шудааст дар иттилоия
«Ман аз номи ҷомеаи Русия ба хешовандону наздикони кушташуда изҳори ҳамдардӣ намуда, умедворам, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар муносибат ба ин таҳдиди ҷинояткорон сабру таҳаммул пеша хоҳад кард», – гуфта мешавад дар иттилоия.
Ёдовар мешавем, Салоҳиддин Азизов, ки дар як амбори меваҷот дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабр дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи шаҳраки Жабкинои вилояти Маскав ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтанд. Хешовандони Азизов баъди чанде, аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо мекунанд. Сари буридаи мақтул, баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар ҳошияи идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав кашф гардид. Масъулияти ҳамла ба Азизовро, аъзои гурӯҳи боаном «Созмони ҷангии миллатгароёни рус» бар д
ӯ
ш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз с
ӯ
и мардуми ғайр маънидод кардаанд. Ҷумъаи гузашта вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди ҷумҳуриамон ба кафили сафири Русия дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид ва зимнан хостори боздошт ва муҷозоти қотилони Азизов шуд. Дар нотаи эътирозӣ гуфта шуда, ки «ҷиноят алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон боиси қаҳру ғазаб мегардад ва аммо дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, мақомоти масъули ин кишвар дар вокуниш ба афзоиши ҷиноят алайҳи тоҷикон дар пояи миллатгароӣ ва адовати қавмӣ коҳилӣ мекунанд».



