Соли равон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба маблағи беш аз 48 млн. сомонӣ маҳсулоти гуногун истеҳсол гардид

            Кӯлоб. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар корхонаву муассисоти саноатӣ ва корхонаҳои хусусии шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар маҷмӯъ ба маблағи 48 млн. 890 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 259 ҳазор сомонӣ бештар аст.             Тавре аз мақомоти шаҳрдорӣ […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар корхонаву муассисоти саноатӣ ва корхонаҳои хусусии шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар маҷмӯъ ба маблағи 48 млн. 890 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 259 ҳазор сомонӣ бештар аст.





           

Тавре аз мақомоти шаҳрдорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, танҳо дар моҳи ноябр ба маблағи 6 млн. 657 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз нахи пахта истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум низ афзудааст. «Дар ин давра ба маблағи 25 млн. 769 ҳазор сомонӣ молҳои мавриди ниёзи мардум истеҳсол шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5 млн. 686 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз ҷумла, 2203 тонна равғани растанӣ, 1029 тонна орд, 2249 тонна нон ва маҳсулоти ордӣ, 140 тонна маҳсулоти ширӣ ва 490,3 тонна гӯшт ба фурӯш бароварда шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.