«Тоҷикгаз»: Ӯзбекистон барои 1 ҳазор метри мукааб газ $300 талаб дорад, вале мо аз он қаноатманд нестем

            Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори генералии КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо газ – Ӯзбекистони ҳамсоя нархи фурӯши газро барои соли 2009 ба андозаи 300 доллари амрикоӣ барои 1000 метри мукаааб муқаррар кардааст.             Ба гуфтаи ӯ, масъалаи мазкур феълан […]



           

Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори генералии КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо газ – Ӯзбекистони ҳамсоя нархи фурӯши газро барои соли 2009 ба андозаи 300 доллари амрикоӣ барои 1000 метри мукаааб муқаррар кардааст.





           

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи мазкур феълан мавриди баррассии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд ва пас аз қабули қарори ниҳоӣ гуфтушунид дар бораи нарх бо ҷониби Ӯзбекистон идома хоҳад ёфт. «Албатта, ин арзиш моро қаноатманд намесозад ва чанде қабл зимни гуфтушунид мо аз Ӯзбекистон дархост кардем, ки нархи газ дар андозаи пештара, яъне $145 нигоҳ дошта шавад, вале онҳо розӣ нашуданд», – гуфт ӯ.



Ф.Муҳиддиновов, мегӯяд, «Тоҷикгаз» барои соли 2009 дар ҳаҷми 550 миллион метри мукааб газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон хариданист. «Дар соли 2008 ба ҷойи 1 миллиард метри мукааб гази тибқи созишнома пешбинишуда, ҳамагӣ 650 млн. метри мукааб газ то охири сол ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад», – афзуд директори генералии «Тоҷикгаз.




           

Қобили зикр аст, ки кишвари ҳамсоя ба Қирғизистон низ чунин нархро барои соли 2009 пешниҳод кардааст ва қирғизон низ умед бар он доранд, ки арзиши онро камтар намоянд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.