Раиси ИЖТ: Аксари рӯзномаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯш фаъолият мекунанд

Дата:


Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бо ташаббуси рӯзномаи иҷтимоиву сиёсии «Ҷомеа» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Мустақилияти иқтисодӣ – омили асосии озодии матбуот» мизи мудаввар баргузор шуд.




Дар маърӯзаи худ омӯзгори шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, коршиноси масоили марбут ба васоити ахбори умум Мирсаид Султонов изҳор дошт, ки ҳудуди 95 дарсади матбуоти тоҷик аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил нестанд. Ба шумули нашрияҳои худкифову фоидаовар ӯ рӯзномаҳои «Азия-Плюс», «Дайджест-пресс» ва «Рекламная газета»-ро номбар карда, таъкид сохт, ки ҳамаи рӯзномаҳои муваффақи Тоҷикистон ба забони русианд. «Ин ба он марбут аст, ки газетаҳои русӣ ба масъалаи касбият ва ҷой додани реклом бештар таваҷҷӯҳ медиҳанд», – гуфт ӯ.



Раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов таъкид сохт, ки вазъи умумӣ дар соҳаи матбуоти тоҷик мушкил аст. «Аксари рӯзномаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯш фаъолият мекунанд ва чунин вазъ дар таҷрибаи кунунии ҷаҳон хеле кам дучор меояд ва ман инро чун фидокории рӯзноманигорони тоҷик арзёбӣ менамоям», – изҳор дошт А.Сатторов.



Гузашта аз ин, А.Сатторов афзуд, ки нашрияҳои нокифои ҷумҳурӣ дар шароите фаъолият доранд, ки ҳатто бо пайдоиши мушкилоти начандон назаррасе метавонанд аз чоп бозмонанд.

 



Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное