Консерни «ГАЗ»-и Русия ба Душанбе 20 автобус фиристод

            Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл консерни «Гурӯҳи ГАЗ» миқдори нахустини авобусҳои навъи «ПАЗ»-ро, ки 20 ададро ташкил медиҳанд, ба шаҳри Душанбе фиристод.             Тавре хадамоти матбуоти консерн иттилоъ медиҳад, мақомоти шаҳрдории Душанбе ва консерни мазкур дар чаҳорчӯбаи нақшаи таҷдиди муассисаи нақлиёти мусофирбари пойтахт дар бораи харидории 150 автобус аз консерн тавофуқ […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл консерни «Гурӯҳи ГАЗ» миқдори нахустини авобусҳои навъи «ПАЗ»-ро, ки 20 ададро ташкил медиҳанд, ба шаҳри Душанбе фиристод.





           

Тавре хадамоти матбуоти консерн иттилоъ медиҳад, мақомоти шаҳрдории Душанбе ва консерни мазкур дар чаҳорчӯбаи нақшаи таҷдиди муассисаи нақлиёти мусофирбари пойтахт дар бораи харидории 150 автобус аз консерн тавофуқ ҳосил карда буданд ва 130 автобуси боқимонда моҳҳои январ-феврали соли оянда интиқол дода мешаванд.




           

Тибқи маълумоти манбаъ, маблағи қарордод ба 4 млн. $ баробар буда, нисфи автобусҳо бо газ ва нисфи дигараш бо сӯзишвории дизелӣ кор мекунанд.




           

Қобили зикр аст, ки то ин дам ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 200 автобуси бузургҳаҷми навъи «ЛИАЗ – 5256» оварда шуда буданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.