Раиси ИЖТ: Аксари рӯзномаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯш фаъолият мекунанд

Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бо ташаббуси рӯзномаи иҷтимоиву сиёсии «Ҷомеа» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Мустақилияти иқтисодӣ – омили асосии озодии матбуот» мизи мудаввар баргузор шуд. Дар маърӯзаи худ омӯзгори шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, коршиноси масоили марбут ба васоити ахбори умум Мирсаид Султонов изҳор дошт, ки […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бо ташаббуси рӯзномаи иҷтимоиву сиёсии «Ҷомеа» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Мустақилияти иқтисодӣ – омили асосии озодии матбуот» мизи мудаввар баргузор шуд.




Дар маърӯзаи худ омӯзгори шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, коршиноси масоили марбут ба васоити ахбори умум Мирсаид Султонов изҳор дошт, ки ҳудуди 95 дарсади матбуоти тоҷик аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил нестанд. Ба шумули нашрияҳои худкифову фоидаовар ӯ рӯзномаҳои «Азия-Плюс», «Дайджест-пресс» ва «Рекламная газета»-ро номбар карда, таъкид сохт, ки ҳамаи рӯзномаҳои муваффақи Тоҷикистон ба забони русианд. «Ин ба он марбут аст, ки газетаҳои русӣ ба масъалаи касбият ва ҷой додани реклом бештар таваҷҷӯҳ медиҳанд», – гуфт ӯ.



Раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов таъкид сохт, ки вазъи умумӣ дар соҳаи матбуоти тоҷик мушкил аст. «Аксари рӯзномаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯш фаъолият мекунанд ва чунин вазъ дар таҷрибаи кунунии ҷаҳон хеле кам дучор меояд ва ман инро чун фидокории рӯзноманигорони тоҷик арзёбӣ менамоям», – изҳор дошт А.Сатторов.



Гузашта аз ин, А.Сатторов афзуд, ки нашрияҳои нокифои ҷумҳурӣ дар шароите фаъолият доранд, ки ҳатто бо пайдоиши мушкилоти начандон назаррасе метавонанд аз чоп бозмонанд.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.