ҲХДТ ва ҲНИТ номзадҳои худро ба интихоботи миёнадавраӣ ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод карданд

            Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз ду ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон номзадҳои худро барои интихоботи миёндавраии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии рақами 4-и ноҳияи Синои пойтахт пешниҳод карданд.             Тавре муовини аввали раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз ду ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон номзадҳои худро барои интихоботи миёндавраии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии рақами 4-и ноҳияи Синои пойтахт пешниҳод карданд.





           

Тавре муовини аввали раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дирӯз дар конфронси ноҳиявии ҳизбӣ номзадии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади улуми иқтисод, профессор Амир Катаев аз ҳизби мазкур тасдиқ гардид.




           

Ба гуфтаи сухангӯи ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода, аъзои ҳизб тасмим гирифтаанд, номзадии муовини раиси ташкилоти шаҳрии ҳизб – меъмори 31-сола Додихудо Абдуллоевро пешниҳод созанд. «Бинобар дахолати маъмурии ҳокимият мо қаблан дар интихоботи миёнадавраӣ ширкат намеварзидем, вале имрӯз, ки то интихоботи навбатии парлумонӣ каме зиёдтар аз як сол мӯҳлат боқӣ мондааст, мо қарор додем, бори дигар имконоти худ ва воқеияти баргузории интихоботи шаффофро дар ҷумҳурӣ ҷиддӣ бисанҷем», – гуфт ӯ.




           

Номбурда изҳор дошт, ки пешниҳоди номзади ҷавон бесабаб нест, зеро минбаъд ҲНИТ дар фаъолияти сиёсии худ ба кадрҳои ҷавон такя хоҳад кард.




           

Ёдрас мекунем, ки интихобои миёнадавраӣ ба ивази вакили хориҷшуда, аъзои ҲХДТ Каримҷон Қодиров, ки аввали ҳамин моҳ ба вазифаи ректори Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб таъин шуд, 8-уми феврали соли 2009 баргузор мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.