Дар Душанбе миқдори рекордии маводи мухаддир нобуд гардид

Date:


Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» беш аз ду тонна маводи мухаддири аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъавовари назди президенти ҷумҳурӣ мусодирагардида сӯзонида шуд.




Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, дар оташдонҳо беш аз ду тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 390 кило ҳероин, беш аз 622 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва зиёда аз 1 тонна афюн нобуд гардид.



Ин миқдор маводи мухаддир чун далели шайъӣ зимни тафтишоти 148 парвандаи ҷиноӣ истифода гардида, нисбат ба онҳо ҳуқми додгоҳӣ содир шудааст.



Тибқи маълумот, аз оғози фаъолияти агентӣ беш аз 10 тонна маводи мухаддир нобуд карда шудааст, ки беш аз 4 тоннаи онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...